(+992 37) 221-44-05 | info@minjust.tj

Санаи 24 июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ...

Санаи 31 майи соли 2018 Ёрдамчии Президенти Чумхурии Точикистон оид ба масъалахои амнияти милли Шерали Хайруллоев дар якчояги бо Муовини вазир - ...

31 майи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати ...

30 май таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ...

30 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сардори Сарситоди муттаҳидаи Қувваҳои ...

Ифтитоҳи бинои маъмурии Маркази адлия дар ноҳияи Шаҳристон
Ифтитоҳи бинои маъмурии Маркази адлия дар ноҳияи Шаҳристон
Санаи 31 майи соли 2018
Санаи 31 майи соли 2018
Мулоқот бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев
Мулоқот бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мулоқот бо Сардори Сарситоди муттаҳидаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Покистон генерали артиш Зубайр Маҳмуд Ҳаёт
Мулоқот бо Сардори Сарситоди муттаҳидаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Покистон генерали артиш Зубайр Маҳмуд Ҳаёт
 

Ифтитоҳи бинои маъмурии Маркази адлия дар ноҳияи Шаҳристон

Санаи 24 июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Шаҳристон ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи бинои маъмурии Маркази адлия иштирок намуданд.

Бинои маъмурии Маркази адлия аз ду ошёна иборат буда, бо харҷи зиёда аз як миллиону дусаду шаст ҳазор сомонӣ бо тарҳи зебою замонавӣ бунёд ёфтааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити арзандаи фаъолият дар ин бинои хуштарҳи замонавӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд.

Бинои нави Маркази адлияи ноҳияи Шаҳристон бо таҷҳизоти низоми пешгирӣ ва огоҳкунандаи зиддисӯхторӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, дигар шароити зарурӣ дар он барои кормандони соҳа фароҳам мебошад.

Дар иншооти нав ҳамчунин утоқҳои кории иҷрочиёни Суд, мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва Идораи нотариалии давлатӣ ҷойгир карда шудаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои нав ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хидмат расондан ба сокинону шаҳрвандон дастуру ҳидоятҳо доданд.

Бинои Маркази адлияи ноҳияи Шаҳристон дар масоҳати 380 метри квадратӣ дар муддати 6 моҳ аз ҷониби бинокорони варзида бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст.

Пас аз мавриди истифода қарор додани бинои нави Маркази адлияи ноҳияи Шаҳристон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо ба шаш ҷуфт оилаи ҷавон шаҳодатномаи ақди никоҳ, ҳамчунин ба ҳар як навхонадорон як ададӣ телевизор, яхдон ва мошинаи ҷомашӯйӣ тақдим намуда, дар ҳаёти якҷояи хонадорӣ таманниёти нек баён доштанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд сол аз сол зиёд гардида, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, фаъолият ва зиндагии мустақилонаи онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

© 2017 | Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ 25
Тел: (+992 37) 221-44-05 (қабулгоҳ)
Факс: (+992 37) 221-80-66