(+992 37) 221-44-05 | info@minjust.tj

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ...

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки дар мақомоти Суди ...

 Дар соли 2017 ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии   Тоҷикистон  ва сохторҳои он 95 484 (соли 2016 - 74   253) мавод вобаста ...

Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеъи шаҳри Душанбе
Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеъи шаҳри Душанбе
Таъиноти кадрӣ
Таъиноти кадрӣ
Варақаи иттилоотӣ дар бораи фаъолияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017
Варақаи иттилоотӣ дар бораи фаъолияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017
 

Варақаи иттилоотӣ дар бораи фаъолияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017

 Дар соли 2017 ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии   Тоҷикистон  ва сохторҳои он 95 484 (соли 2016 - 74   253) мавод вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ворид   гардид.

    Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти   фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар ин давра ба 4 003   (соли 2016 - 3 862) лоиҳаҳои санадҳои меъёрии   ҳуқуқӣ ва 3 937 (соли 2016 - 2 727) ҳуҷҷатҳои   хусусиятҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дошта, хулосаи   ҳуқуқӣ пешниҳод намуд.

 

 

      Вазорат 65 санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмии мақомоти давлатиро ба қайди давлатӣ гирифта, бақайдгирии 55 санади меъёрии ҳуқуқиро рад кард.

      Дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 22 декабри соли 2016 ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  зикр гардидаанд ва бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 5 январи соли 2017, таҳти №АП-820 тасдиқ шудааст, инчунин бо мақсади аз байн бурдани мухолифати дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ҷойдошта 47 лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  (5 лоиҳаи том), 11 лоиҳаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  (9 лоиҳаи том) ва 6 лоиҳаи қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳия карда шуд.

      Дар соли сипаригашта ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо роҳбарии Вазири адлия 10 ва 11-уми августи соли 2017 дар иҷлосияи 93-юми Кумита оид ба рафъи табъизи нажодии СММ воқеъ дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария ҳисоботи миллии Тоҷикистон вобаста ба иҷроиши Конвенсияи СММ оид ба рафъи табъизи нажодӣ ва 13 ва 14-уми сентябри соли ҷорӣ дар иҷлосияи 76-уми Кумитаи ҳуқуқи кўдаки СММ воқеъ дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария ҳисоботи миллии Тоҷикистон вобаста ба иҷроиши Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кўдак дифоъ намуд.

      Дар чорчўбаи ҳамкории Вазорати адлия бо Барномаи рушди СММ дар доираи лоиҳаи “Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат” санаи 22 сентябри соли 2017 дар шаҳри Хоруѓи ВМКБ муколамаи навбатӣ миёни мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил ва баргузор карда шуд. Ҳадафи чорабинии мазкур шиносоӣ бо кори муколамаи миллӣ дар соҳаи маърифати ҳуқуқӣ, волоияти қонун, дастрасӣ ба адолат ва муваффақиятҳои бадастомада дар соҳаҳои мазкур мебошад. Дар муколама намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва шаҳру ноҳияи он ширкат варзиданд.

      Кормандони Вазорат ва сохторҳои зертобеи он дар ташкилоту корхона, муассисаҳо ва дар байни аҳолӣ 14 327 корҳои тарѓиботию ташвиқотӣ гузарониданд, аз ҷумла: 11 368  вохўрию сўҳбатҳо, дар воситаҳои ахбору телевизион ва радио 2 287  баромаду сўҳбатҳо гузаронида, дар рўзномаҳои ҷумҳуриявӣ бошад, зиёда аз 672 мақолаҳоро ба чоп расониданд.

      Дар давраи ҳисоботӣ Маҷаллаи расмии «Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Точикистон» таҳия шуда, шумораҳои №10 (қ.1,2), №11 (1, 2, 3, 4, 5), №12 (1, 2,) соли 2016 ва шумораи №1, (қ.1,2,3,4), №2 (қ.1,2,3,4),  №3 (1,2), №4 (1,2), №5 (1,2), №6 (қ. 1,2,3,4), №7 (қ. 1,2,3,4,5,6,7,8), №8, №9 маҷаллаи «Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз нашр баромада, №10 ва №11 соли 2017-и он омодаи нашр мебошад. 

      Дар соли 2017 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ” 8 маротиба ҷаласаи Комиссияи тахассусии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузаронида шуда, 119 аризаҳои довталабон барои соҳиб шудани мақоми адвокатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 

      Аз ин шумора 86 нафар довталаб мақоми адвокатиро соҳиб гардида, ба 20 нафар довталаб бинобар насупоридани имтиҳони тестӣ додани мақоми адвокатӣ рад карда шуд.

      Мақоми адвокатии 8 нафар ба талаботи қисми 2 моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ” бинобар мувофиқ набудан фаъолияти адвокатии онҳо бо қарорҳои Комиссияи тахассусии аз 9 ноябри соли 2016, таҳти №57 ва аз 16 декабри соли 2016, таҳти №60, аз 9 ноябри соли 2017 таҳти №65 ва 27 декабри соли 2017, таҳти №67 қатъ карда шуд. Инчунин, фаъолияти 11 нафар адвокат дар асоси аризаашон бо қарори Комиссияи тахассусӣ қатъ карда шуданд.

      Дар миқёси ҷумҳурӣ 136 кабинети адвокатӣ, 23 маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ, 16 колегияи адвокатӣ ташкил карда шудааст. Айни замон дар ҷумҳурӣ 653 нафар мақоми адвокатиро соҳиб гардида, фаъолият намуда истодаанд.

      Дар давраи ҳисоботӣ ба Хатти телефонии ройгони рақами 30-40 (горячая линия), ки бо ташаббуси Вазорати адлия, филиали ташкилоти “ХЕЛВЕТАС Свис Интеркорпорейшн” ва Хазинаи Авруосиёгии Осиёси Марказӣ - Тоҷикистон таъсис дода шудааст, 649 нафар шаҳрвандон вобаста ба масъалаҳои гуногуни ҳуқуқӣ муроҷиат намуданд.

      Идораҳои нотариалии давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ 541 353  амалиёти нотариалиро ба расмият дароварданд, ки аз ин фаъолият ба буҷети ҷумҳурӣ 54 352 758 (панҷоҳу чор миллиону сесаду панҷоҳу ду ҳазору ҳафтсаду панҷоҳу ҳашт) сомонӣ боҷи давлатӣ ворид гардид.

      Аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар соли равон  487 503 аснод, аз ҷумла:

  - 229 566 сабти таваллуд;

  - 68 430 сабти барқарори таваллуд;

  - 32 783 сабти вафот;

  - 940 сабти барқарори вафот;

  - 78 757 сабти никоҳ;

  - 10 100 сабти бекор кардани ақди  никоҳ;

  - 35 496 сабти муқаррар намудани падарӣ;

  - 1 064 сабти фарзандхонӣ;

  - 26 658 сабти иваз намудани насаб, ном ва номи падарӣ ба қайди давлатӣ гирифта шуданд.

      Дар давраи ҳисоботӣ ба истеҳсолоти иҷрочиёни судҳо 61 567 ҳуҷҷати иҷро ворид гашта, бо назардошти 7 759 истеҳсолоти боқимондаи  аз соли гузашта, иҷрои 48 286 ҳуҷҷати иҷро таъмин карда шуд.

      Дар соли ҷорӣ Вазорати адлия ва Раёсатҳои он дар вилоятҳо 14 шартномаи гарави молу мулки манқул ва 187  ташкилотҳои ҷамъиятиро ба қайди давлатӣ гирифтанд.

      Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлия дар соли ҳисоботӣ 17 курси баландбардории тайёрии касбӣ ва донишҳои ҳуқуқӣ, 24 семинар - машварат, 131 вохурӣ ва баромадҳо гузаронида шуд.  

      Ба Маркази ҷумҳуриявии санҷишҳои судӣ ва криминалистӣ дар давраи ҳисоботӣ ҳамагӣ 6 987 ҳуҷҷат ва 63 005 мавод ва далелҳои шайъӣ ворид шуд.

      Дар ин давра аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” ба 5 096 шаҳрванд машваратҳои ҳуқуқӣ пешкаш карда шуд.

      Ба Шўъбаи апостилгузорӣ ба ҳуҷҷатҳои расмии давлати 83 ариза  барои гузоштани таъиди ҳуҷҷатҳо (Легализатсия) ва 846 ариза барои гузоштани апостил пешниҳод гардид, ки вобаста ба он ба 1 566 ҳуҷҷат апостил гузошта шуд.

      Дар соли ҷорӣ 3 маротиба озмун барои ишѓоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷа 64 нафар довталабон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ ба кор кабул гардиданд.

      Дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмўъ ба Вазорат ва Раёсатҳои адлияи вилоятҳо 3 224 муроҷиати шаҳрвандон ворид гардид.

      Аз шумораи умумии муроҷиатҳо 994 муроҷиат бевосита аз ҷониби шаҳрвандон, 358 ба воситаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , 1 172 муроҷиат аз хориҷи кишвар ворид гардидааст.

      Дар соли равон аз ҷониби роҳбарияти Вазорат 317 нафар шаҳрвандон дар рўзҳои чоршанбе ва шанбе қабул карда шуданд. Муроҷиатҳои шаҳрвандон бештар ба фаъолияти иҷрочиёни суд, бақайдгирии давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, нотариати давлатӣ, экспертизаи судӣ ва криминалистӣ, ҳамчунин ба дигар масъалаҳои ҳуқуқӣ вобастагӣ доштанд.

      Айни ҳол Вазорат дар татбиқи Барномаҳои зерин пайваста фаъолият дорад:

  1. “Барномаи рушди низоми адлия барои солҳои 2015-2020”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2015, №101 тасдиқ шудааст.
  2. “Барномаи рушди мақомоти сабти асноди ҳолати  шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2019”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 03 январи соли 2014, таҳти №21 тасдиқ гардидааст.
  3. “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 29 апрели соли 2009, таҳти №253 тасдиқ карда шудааст.
  4. “Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015, таҳти № 425 тасдиқ шудааст.
© 2017 | Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ 25
Тел: (+992 37) 221-44-05 (қабулгоҳ)
Факс: (+992 37) 221-80-66