Тамос

Телефони алоқаи таъҷилӣ: 3040

Нашрияҳои Вазорат
Маҷмўи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷмўи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2000, №138 «Дар бораи Маҷмўи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2000, №127 «Масъалаҳои Маҷмўи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»  нашр карда мешавад.

 
Маҷаллаи Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷаллаи мазкур бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”, Фармони Раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1994, таҳти №310 «Дар бораи таъсиси Реестри давлатии санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 1997, таҳти №52 «Дар бораи Феҳристи давлатии асноди  ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 1 августи соли 2006, таҳти №359 «Дар бораи Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқӣ» ва аз 31 октябри соли 2009, №608 «Дар бораи тасдиқи Тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳукуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» нашр карда мешавад.

 
Маҷаллаи назариявӣ ва сиёсию ҳуқуқии «Ҳаёт ва Қонун»

Маҷаллаи мазкур бо мақсади амалӣ сохтани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997, №691 “Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини  тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 22 августи соли 1997, №383 «Дар бораи  баъзе чораҳои беҳтар намудани  тарбияи  ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кори  ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» ва    аз 29 апрели соли 2009, №253 «Дар бораи тасдиқи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» нашр мегардад.

 
Маҷмўаи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар маҷмўаи мазкур шартномаҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки пас аз ба даст овардани истиқлолият аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гаштаанд, ҷой дода шудаанд.

Мақсади асосии маҷмўаи мазкур ин шинос намудани табақаҳои васеи ҷамъият бо муқаррароти шартномаҳои ҳуқуқии байналмилалии зикршуда мебошад.