Тамос

Телефони алоқаи таъҷилӣ: 3040

Рохбариат
Шоҳмурод Рустам - Вазири адлия

Шоҳмурод Рустам 3 майи соли 1965 дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд таваллуд шудааст.

Маълумоташ олӣ, соли 1989 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Номзади илми ҳуқуқ.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1989 ба сифати ёрдамчии прокурори шаҳри Ваҳдат оғоз намуда, сипас дар вазифаҳои прокурори шуъбаи назорати баррасии парвандаҳои шаҳрвандӣ дар судҳои Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчии прокурори шаҳри Ваҳдат, прокурори Раёсати назорати умумии Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 1993 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои Сардори шуъбаи корҳои ҳуқуқӣ дар хоҷагии халқ, Сардори Раёсати қонунгузорӣ ва солҳои 1999-2009 муовин ва сипас Муовини якуми Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

 
ХОЛИҚЗОДА Абдуманон Ғаффор

Аз ноябри  соли 2012 дар  мансаби муовини якуми  Вазири  адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Соли таваллуд 21 августи соли 1961

Ҷои таваллуд шаҳри Курғонтеппа

Миллат тоҷик

Таҳсилот олӣ

Соли 1985 Донишгоҳи   Давлатии   Миллии Тоҷикистон-ро (рӯзона ) хатм кардааст

Ихтисос ҳуқуқшинос

 

Бо  ордени «Шараф» дараҷаи 2-юм соли 2011 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.07.2011 таҳти №1092

Оиладор, соҳиби шаш фарзанд.

 
МИРСАЙЗОД Ҳаким Саид


Аз ноябри соли 2012 дар мансаби муовини   Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад

Соли таваллуд 1 январи соли 1958

Ҷои таваллуд ноҳияи Восеъ

Миллат тоҷик

Таҳсилот олӣ

Соли 1984 Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистонро хатм кардааст
Ихтисос ҳуқуқшинос

Номзади илмҳои ҳуқуқ, моҳи марти соли 2015 рисолаи номзадиро бо мавзӯъи «МУШКИЛОТИ МУНОСИБАТҲОИ  ПАДАРУ МОДАР ВА ФАРЗАНДОН ДАР ҲУҚУҚИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ХУСУСӣ»  дар назди Комиссияи олии тахассусии Федератсияи Россия ҳимоя намудааст.

Аз соли 1997 то инҷониб  дар баробари кори асосӣ ба фаъолияти омӯзгорӣ низ машѓул буда,  солҳои 1997-2001 муаллим, баъдан муаллими калонӣ Донишгоҳи давлатии Қурѓонтеппа ва солҳои 2001-2006 муаллими  Университети гуманитарии Россия-Тоҷикистон шуда кор кардааст. Айни замон устоди Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти адлия ва хадамоти ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Вазорати адлияи Чумҳурии Тоҷикистон низ мебошад.

Муаллифи зиёда аз 20 адад мақолаҳои илмӣ-ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи гражданӣ (шаҳрвандӣ), ҳукукӣ байналхалқии хусусӣ ва ҳуқуқи оилавӣ буда, асарҳояш бо номҳои «Истеҳсолоти иҷро дар Чумҳурии Тоҷикистон», «Ташкили истеҳсолоти иҷро дар низоми   Вазорати адлияи Чумҳурии Тоҷикистон» (Дар ҳаммуаллифи бо Раҳмонзода У.Н.) ва «Проблемы взаимоотношений родителей и детей в межденародном частном праве» ба нашр расидаанд.

Кор   ва   фаъолияти   собиқа:

 
НОДИРӢ Шаҳноза Анвар

Аз ноябри соли 2009 дар мансаби муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад

Соли таваллуд 16 июни соли 1973  

Ҷои таваллуд шаҳри Душанбе
Миллат тоҷик

Таҳсилот олӣ

Соли 1995 Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон-ро (рӯзона) хатм кардааст

Ихтисос ҳуқуқшинос. Номзади илми ҳуқуқшиносӣ

 

Бо медали ҷашни «20» солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.07.2011 таҳти №1092.

Оиладор, соҳиби ду фарзанд

 

 
Холиқзода Ҷонибек - Сардори Сарраёсати қонунгузории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

14 апрели соли 1978 дар ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳуқуқшиносӣ. Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳукуқшиноси байналхалқӣ хатм кардааст. Аз соли 2001 то соли 2009 дар вазифаҳои гуногуни дасггоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз моҳи июли соли 2009 то имрӯз Сардори Сарраёсати қонунгузории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Оиладор, соҳиби се фарзанд.

 
<< Аввал < Ба қафо 1 2 3 Оянда > Охир >>

Page 1 of 3