Тамос

Телефони алоқаи таъҷилӣ: 3040

Таърих

Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар маҷлиси якуми худ, ки 9 декабри соли 1924 дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, масъалаҳои  тартиби ба таври расмӣ эълон кардани таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ба шаҳри Душанбе кӯчида омадани ҳайати ҳукумат, тасдиқи сохтори дастгоҳи ҳукумат, буҷети ҷумҳурӣ ва дигар масъалаҳои муҳимтарин, аз ҷумла масъалаи муайян намудани маълумоти мушаххас оид ба шумораи аҳолии ба ҳайати ҷумҳурӣ дохилшаванда, ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки ба Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳамроҳ карда мешуд, дар бораи расонидани ёрӣ ба хоҷагиҳое, ки аз ҷанги босмачигарӣ зарар дидаанд ва ғайраҳоро муҳокима кард.

Ҳангоми муайян кардани сохтори ҳукумати ҷумҳурӣ махсус қайд карда шуд, ки бояд «дар навбати аввал Комиссариати халқии корҳои дохилӣ, Раёсати сиёсии давлатӣ (ГПУ), Комиссариати молия, Комиссариати маориф, Комиссариати адлия ва прокуратураи давлатӣ ташкил карда шаванд».  Ҳамин тавр Комиссариати халқии адлия яке аз аввалин комиссариатҳое буд, ки дар Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Комиссариати халқии адлия баъди таъсисёбии худ то моҳи феврали соли 1925 дар шаҳри Тошканд фаъолият бурда, бо ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон моҳи феврал ба шаҳри Душанбе омад.  Аввалин ҳуҷҷати расмие, ки Комиссариати халқии адлия дар шаҳри Дӯшанбе қабул кард Фармони рақами 8 аз 12 феврали соли 1925 буд. Тибқи ин Фармон Комиссариати халқии адлия аз ҳамин рӯз сар карда фаъолияти худро дар шаҳри Душанбе оғоз намуд.

Кори аввалине, ки Комиссариати халқии адлия ба ҷо овард, ин таҳияи Низомномаи Камиссариати халқии адлия буд, ки он вазифа, ӯҳдадорӣ ва ваколату салоҳияти ин мақомро мушаххас муайян менамуд. Чунин Низомнома таҳия ва бо қарори Кумитаи инқилобӣ аз 6 майи соли 1925 тасдиқ карда шуд. Тибқи ин Низомнома ташкил намудани ҳамаи муассисаҳои судӣ, прокуратура, мақомоти таҳқиқ, нотариат, иҷрочиёни суди дар ҳудуди Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон амалкунанда, ба вазифа таъин намудани кормандони суд, инчунин дастурдиҳии  ҳамаи муассисаҳои номбурда ба ваколати Комиссариати халқии адлия вогузор шуда буд.

Дар солҳои аввали  ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон мақомоти прокуратура, мақомоти судӣ, мақомоти таҳқиқ, нотариат, коллегияи ҳимоятгарон (адвокатура) ҳамчун қисми таркибии Комиссариати халқии адлия фаъолият мекарданд.

Мутобиқи Низомнома назорат аз болои тартиби татбиқшавӣ ва иҷрои якхелаи қонунҳо низ ба ваколати Комиссариати халқии адлия вогузор гашта буд.

Дар баробари ин, дар он солҳо мақомоти дигаре ба мисли ҳуҷраҳои оштидиҳӣ, судҳои  ҳакамӣ ва муассисаҳои ба онҳо монанде низ фаъолият доштанд, ки ӯҳдадориҳои судиро ба ҷо меоварданд. Назорат аз болои чунин мақомот низ ба зиммаи Комиссариати халқии адлия вогузор шуда буд.

Ба зиммаи Комиссариати халқии адлия дар ин низомнома масъалаҳои назорат аз болои фаъолияти коллегияи ҳимоятгарон, ташкилотҳое, ки ба аҳолӣ ёрии ҳуқуқӣ мерасонанд, баррасии масъалаҳои баҳснок дар бораи ҳудудгузории ваколати мақомоти адлия аз як тараф ва мақомоти дигар идораҳо аз тарафи дигар вогузошта шуда буд.

Яке аз ваколатҳои асоситарини Комиссариати халқии адлия ваколати ҳуқуқэҷодкунӣ ба ҳисоб мерафт. Мутобиқи он ба зиммаи Комиссариати халқии адлия баррасии пешакии ҳамаи пешниҳодҳои қонунгузорӣ, ки ба муҳокимаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва Шӯрои Комиссарони Халқ пешниҳод карда мешуданд, гузошта шуда буд. Чунин ваколати Комиссариати халқии адлия дар «Дастури Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва тартиби пешниҳоди масъалаҳо ба баррасии он» низ пешбинӣ гардида буд. Дар банди 5 Дастури номбурда муқаррар карда шуда буд, ки «Дар баробари бо идораҳои дахлдор мувофиқа кардани масъалаҳое, ки ба баррасии Кумитаи инқилобӣ пешниҳод карда мешаванд, агар ба баррасии Кумитаи инқилобӣ пешниҳод намудани лоиҳаи декретҳо, қарорҳо, дастурамалҳо ва дигарҳоро пешниҳод кардан лозим бошад, онҳо ҳатман бояд бо Комиссариати халқии адлия мувофиқа карда шаванд».

Тибқи Низомномаи мазкур ба зиммаи Комиссариати халқии адлия вазифаҳое гузошта шуда буданд, ки имрӯз ҳалли ин масъалаҳо ба ваколати дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ дохил мешаванд. Ба ин вазифаҳо тафсири қонунҳои амалкунанда аз рӯи дархости мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, нашри қонунҳо ва фармоишҳои ҳукумат ва розигӣ додан ба нашри қонуну фармоишҳои номбурда дар нашрияҳои шахсӣ, роҳбарии умумӣ ва назорат дар бораи ба ҳаёт татбиқ намудани масъалаи аз давлат ҷудо намудани масҷид (муассисаҳои динӣ) ва ғайра дохил мешуданд.

Ҳамчунин тибқи Низомномаи номбурда Комиссариати халқии адлия бо ҳамроҳии Комиссариати халқии корҳои дохилӣ қоидаҳо дар бораи низоми муассисаҳои ислоҳии меҳнатӣ нисбати шахсони аз озодӣ маҳрумгашта таҳия намуда, назоратро аз болои фаъолияти дурусти ҷойҳои аз озодӣ маҳрумгаштагон ва муассисаҳои ислоҳӣ-меҳнатӣ амалӣ мекард. Ҳамчунин назорат аз болои фаъолияти комиссия оид ба ноболиғон низ ба зиммаи Комиссариати халқии адлия вогузошта шуда буд.

Тибқи ин Низомнома, роҳбари Комиссариати халқии адлия Комиссари халқии адлия буда, дар як вақт вай прокурори ҷумҳурӣ ҳисоб меёфт ва дар назди ӯ ҳайати мушовара амал мекард.

Комиссариати халқии адлия ҳамчун мақоми танзимкунандаи меъёрэҷодкунӣ дар таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии солҳои аввали фаъолияти давлати навтаъсиси тоҷикон, ки Кумитаи инқилобӣ қабул кардааст, саҳми назаррас гузоштааст.

Яке аз аввалин санади меъёрии ҳуқуқии қабулкардаи Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ин қарори Кумитаи инқилобӣ аз 10 апрели соли 1925 «Дар бораи забони давлатӣ» буд. Дар қарори номбурда қайд карда шуда буд, ки «бо мақсади ба оммаи меҳнаткашон ҳарчи наздиктар намудани дастгоҳи давлатӣ ва муқаррар намудани тартиби муайян дар коргузории он Кумитаи инқилобӣ қарор мекунад: 1) Дар Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ҳамчун забони давлатӣ эътироф карда шаванд. 2) Забони русӣ ҳамчун забони ёрирасон истифода бурда шавад».

Масъалаи дигаре, ки таъҷилан бояд меъёрҳои он муқаррар карда мешуданд, ин масъалаи муқаррар намудани мӯҳлат ва тартиби эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардани қонунҳо, декретҳо, қарорҳо ва фармоишҳо буд. Аз ин рӯ, Кумитаи инқилобӣ бо қарори худ аз 30 майи соли 1925, №12 тартиб ва мӯҳлати эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардани қонунҳо, декретҳо, қарорҳо ва фармоишҳои ҳукуматро муайян намуд.

Дар қарори номбурда омадааст, ки ҳамаи қонунҳо, декретҳо, қарорҳо ва фармоишҳои  Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз рӯзи дар рӯзномаи ҳукуматӣ нашр шудани онҳо эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунанд.

Азбаски он солҳо рӯзномаҳои ҳукуматӣ бо сабабҳои маълум на ба ҳама ҷо дастрас мешуданд, бо сабаби бесаводии аксарияти шаҳрвандон на ҳамаи онҳо имконияти ба рӯзномаҳои ҳукуматӣ шинос шуданро доштанд, Кумитаи инқилобӣ шароити мавҷударо ба таври воқеӣ ба ҳисоб гирифта, дар банди 1 қарор ба тариқи эзоҳ муқаррар намуд, ки декретҳо, қарорҳо ва фармоишҳо дар сурати набудани имкони дар рӯзнома нашр намудани онҳо аз рӯзи дар шаҳру деҳаҳо часпонидани онҳо ё аз ҷониби шахсони алоҳида ба эътибори омма расонидани онҳо эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунанд.

Ҳамчунин Кумитаи инқилобӣ  бо қарори худ аз 1 июни соли 1925  Низомнома дар бораи бақайдгирии сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро тасдиқ намуд, ки мувофиқи он минбаъд дар ҳудуди Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон тартиби бақайдгирии ҳолати шаҳрвандӣ ба роҳ монда шуд. Қобили қайд аст, ки дар қисми зиёди ҳудуди Тоҷикистони имрӯза то барқарор шудани Ҳокимияти Шӯравӣ умуман санадҳои бақайдгирии ҳолати шаҳрвандӣ вуҷуд надоштанд.

Бо мақсади ҷалб намудани аҳолӣ дар кори беҳтар кардани фаъолияти дастгоҳи давлатӣ, имконияти ба зуддӣ ҳал намудани масъалаҳои вобаста ба эҳтиёҷоти меҳнаткашон ва муҳофизати ҳуқуқҳои қонунии онҳо Кумитаи инқилобӣ бо қарори худ аз 20 июни соли 1925, №31 дастурамал дар бораи шунидани шикоятҳои меҳнаткашонро тасдиқ кард ва мувофиқи он ҳамаи муассисаҳои давлатӣ ва хоҷагӣ вазифадор карда шуданд, ки дар мӯҳлати як ҳафта пас аз гирифтани қарори номбурда дар асос ва бо тартиби муқаррарнамудаи дастурамали замимагашта Китоби шикоятҳоро ташкил намоянд.

Дар қарор қайд карда шудааст, ки ҳамаи комиссариатҳои халқӣ, кумитаҳои вилоятӣ, туманӣ ва кентӣ вазифадор карда шаванд, ки ҳар моҳ ба раёсати ваколатдори Комиссариати халқии Инспексияи коргару деҳқон дар бораи арзу шикоятҳои дохилшуда ва натиҷаҳои баррасии онҳо маълумот пешниҳод намоянд.

Ҳамин тавр дар соли якуми таъсиси Комиссариати халқии адлия санадҳои муҳимтарини меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ қабул гардида, ҳамаи мақомоти сохтории комиссариат ба фаъолият сар карданд.

15 октябри соли 1929 дар шаҳри Душанбе Анҷумани фавқулодаи 3-юми Шӯроҳои Тоҷикистон, ки барои муҳокимаи масъалаи азнавташкилдиҳии ҶМШС Тоҷикистон даъват карда шуда буд, ба кори худ оғоз кард. Анҷуман дар бинои «Хонаи колхозчӣ» (ҳоло театри ба номи Маяковский) баргузор гардид. Дар рӯзи дуюми кори анҷуман, 16 октябри соли 1929 Декларатсия дар бораи ташкилёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул карда шуд. Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ба ҳайати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ дохил шуд.

25 феврали соли 1931 дар Анҷумани 4-уми Шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон Конститутсияи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул гардид, ки он аз лиҳози қонунӣ раванди таъсисёбии давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро таҳким бахшид.

Мақомоти прокуратура то соли 1936 ҳамчун қисми таркибии Комиссариати халқии адлия  фаъолият намуда, тибқи қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии ИҶШС «Дар бораи таъсиси Комиссариати халқии муттаҳидаи адлияи ИҶШС ва аз низоми Комиссариатҳои халқии адлия ҷудо намудани мақомоти прокурорӣ ва тафтишотӣ» аз 20 июли соли 1936 аз сохтори идоракунии Комиссариати халқии адлия хориҷ карда шуд.

Соли 1946 тибқи Укази Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон аз 27 марти соли 1946, таҳти №78 Комиссариати халқии адлия ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили ном кард.

Соли 1958 дар сохтори мақомоти адлия тағйироти куллӣ ба амал омад. Бо укази Президиуми Шӯрои Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 ноябри соли 1958 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шуд. Сохторҳои вазорат байни дигар мақомот тақсим шуда, мақомоти марказӣ бо номи «Комиссияи юридикии назди Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон» таъсис дода шуд.

Комиссияи юридикии назди Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон бо қарори Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 24 ноябри соли 1958, №413 таъсис дода шуд. Ба ваколати Комиссияи юридикӣ масъалаҳои мураттабсозӣ ва кодификатсияи қонунгузории ҷумҳурӣ, баҳисобгирии санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрии ИҶШС ва ҶШС Тоҷикистон, таҳияи лоиҳаи қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ бо супориши ҳукумат ва бо ташаббуси худ, додани хулосаи ҳуқуқӣ ба лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрие, ки дигар субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда пешниҳод менамоянд ва дигар масъалаҳо вогузор карда шуда буд.

Соли 1970 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав таъсис дода шуд.  Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон 29 октябри соли 1970 дар бораи таъсис додани вазорати иттифоқӣ– ҷумҳуриявии адлияи ҶШС Тоҷикистон Указ қабул намуд.

Баъди ба фаъолият шурӯъ намудани Вазорати адлия бо қарори Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 1970, №353 Комиссияи юридикии назди Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон барҳам дода шуд. Тибқи қарори номбурда Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба тобеияти Вазорати адлия гузаронида шуд. Суди Олӣ вазифадор карда шуд, ки бойгонии шӯъбаи омори судӣ, бойгонии раёсати судҳо ва делоҳои шахсии кормандони суд ва нотариатро, ки ба ҳайати Вазорати адлия шомил гаштаанд, ба ин вазорат супорад. Ҳамчунин Вазорати адлия вазифадор карда шуд, ки барои беҳтар намудани такмили ихтисоси кадрҳои ҳуқуқшинос Курси ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаи адлияро таъсис диҳад.

Ҳамин тавр ваколатҳо ва вазифаҳои Вазорати адлия тавассути қарорҳои номбурда мушаххас муайян карда шуданд. Ин сохтор бо андаке иловаҳо то солҳои навадуми асри гузашта фаъолияти худро идома дод.

9 сентябри соли 1991 Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) Изҳороти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул намуд.

Худи ҳамон рӯзи таърихӣ, яъне 9 сентябри соли 1991 тағйиру иловаҳои марбута ба Конститутсияи (Қонуни Асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ворид гардиданд ва воқеияти истиқлоли Тоҷикистонро ба сатҳи меъёри конститутсионӣ расонида, ба он аз нигоҳи ҳуқуқӣ хусусияти баргаштнопазир дода шуд.

Дар баробари ин қайд кардан лозим аст, ки аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ба мушкилиҳо рӯбарӯ гашт.

Новобаста аз мушкилоти мавҷуда ва номусоидии вазъияти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар солҳои аввали соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати адлия самти фаъолияти худро баҳри пойдории кишвар, волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва арзишҳои давлати демокративу ҳуқуқбунёд равона намуд.

Яке аз комёбиҳои арзишноктарини давроини истиқлолият ин амалӣ гардидани ислоҳоти ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад, ки дар он  Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим дорад.

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон доираи фаъолият ва салоҳияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле такмил ёфта он ба яке аз мақомоти давлатии асосӣ дар таҳким ва таъмини сиёсати ҳуқуқии давлат табдил ёфтааст. Маҳз истиқлолият саҳифаҳои навро дар фаъолияти низоми адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боз намуд. Тағйиротҳои куллии таърихӣ боиси тавлид ёфтани санадҳои нави қонунгузорие гаштанд, ки то ин дам онҳо ба вуҷуд наомада буданд.