Тамос

Телефони алоқаи таъҷилӣ: 3040

ЭЪЛОН

 

ЭЪЛОН ДАР БОРАИ ГУЗАРОНИДАНИ ОЗМУН ДАР ВАЗОРАТИ АДЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА СОХТОРҲОИ ЗЕРТОБЕЪИ ОН

 

РУЙХАТИ ҶОЙҲОИ ХОЛИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТИИ МАЪМУРИИ

ДАСТГОҲИ МАРКАЗИИ ВАЗОРАТИ АДЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мудири Бахши ташкили фаъолияти иҷрочиёни судҳои ҳарбии Раёсати ташкили фаъолияти иҷрочиёни судҳо - 1 баст – (маош 1151 сомонӣ)

Сармутахассиси шуъбаи қонунгузории молия, қарз, ва гумруки ва соҳибкории Сарраёсати қонунгузорӣ -1 баст- (маош 1040 сомонӣ)

Сармутахассиси шуъбаи шартномаҳои байналмиллалӣ ва таҳлили вазъи риояи ҳуқуқи инсони Раёсати робитаҳои байналмиллалӣ – 1 баст - (маош 1040 сомонӣ);

Сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқии ҳамкориҳои байналмиллалии Раёсати робитаҳои байналмиллалӣ -1 баст – (маош 1040 сомонӣ);

Сармутахассиси  Раёсати ташкили фаъолияти иҷрочиёни судҳо – 1 баст – (маош 1040              сомонӣ);

Сармутахассиси Раёсати молия ва хоҷагидорӣ – 1 баст – (маош 1040 сомонӣ);

Мутахассиси пешбари шуъбаи молия, қарз ва гумруки Сарраёсати қонунгузорӣ – 1 баст – (маош 847, 60 сомонӣ);

Мутахассиси пешбари шуъбаи баҳисобгирӣ, бақайдгирӣ ва санҷиши санадҳои меъёрии ҳуқуқии Раёсати баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  – 1 баст – (маош 847, 60 сомонӣ);

ИСТЕҲСОЛОТИ  ИҶРО:

Иҷрочии  суди шаҳри Турсунзода – 1 баст-(маош 697 сомонӣ);

Иҷрочии суди шаҳри Ҳисор – 2 баст – (маош 697 сомонӣ);

Иҷрочии суди ноҳияи Лахш – 1 баст – (маош 666 сомонӣ );

Иҷрочии калони суди ҳарбии гарнизони Хуҷанди вилояти Суғд – 1 баст (маош 853 сомонӣ);

Иҷрочии калони суди ноҳияи Айнии вилояти Суғд – 1 баст (маош 811 сомонӣ);

Иҷрочии калони суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд – 1 баст (маош 811 сомонӣ);

Иҷрочии  калони суди  ноҳияи Спитамени вилояти Суғд – 1 баст (маош 811 сомонӣ);

Иҷрочии суди ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд – 1 баст (маош 666 сомонӣ);

Иҷрочии суди ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд – 1 баст (маош 666 сомонӣ);

Иҷрочии калони суди ноҳияи Восеи вилояти Хатлон  – 1 баст (маош 811 сомонӣ);

Иҷрочии суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон – 1 баст (маош 666 сомонӣ);

Иҷрочии  суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон – 1 баст (маош 666 сомонӣ);

Иҷрочии суди ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон – 1 баст (маош 666 сомонӣ);

Иҷрочии суди ноҳияи Дарвози ВМКБ – 1 баст (маош 686 сомонӣ);

Иҷрочии суди ноҳияи Шуғнони ВМКБ – 1 баст (маош 701 сомонӣ);

Иҷрочии суди ноҳияи Рушони ВМКБ – 1 баст (маош 701 сомонӣ);

Иҷрочии  суди  иқтисодии ВМКБ – 1 баст (маош 768 сомонӣ);

 

Талаботи тахассусӣ барои Мудири Бахш - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии мазкури маъмурии хизматии давлатиро таъмин карда метавонад- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи 2 - юм ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

Талаботи тахассусӣ барои сармутахассис – таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мазкури мансаби маъмурии хизматии давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиқаи хизматии давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

Талаботи тахассусӣ барои мутахассиси пешбар-таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизматии давлатиро таъмин карда метавонад - 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

Талаботи тахассусӣ барои иҷрочии калони суд 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

Таҳсилот : олии –ҳуқуқшиносӣ.

Талаботи тахассусӣ барои иҷрочии  суд – таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизматии давлатиро таъмин карда метавонад, 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

 

ТАЛАБОТ БАРОИ ДОВТАЛАБ:

Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

- ариза ба комиссияи озмун ;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

- шарҳи ҳол;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038 УЕ;

- нусхаи РМА (рақами мушахасси андозсупоранда);

- нусхаи билети ҳарбӣ (ашхосе, ки адои хизмати ҳарбӣ намудааст)

 

Довталабон метавонанд оид ба таҷрибаи кор ва сатҳи касбии худ маълумоти иловагӣ (нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи дараҷа ва унвони илмӣ, такмили ихтисос, номгўи корҳои илмӣ, тавсифномаҳо, тавсияҳо) пешниҳод намоянд.

Озмун аз се марҳила иборат аст, марҳилаи якум омўзиши ҳуҷҷатҳои довталабон, марҳилаи дуюм гузаронидани санҷиши тестӣ ё гирифтани кори хаттӣ ва марҳилаи сеюм саволу ҷавоб бо ҳар як довталаб. Шахсоне, ки аз марҳилаи якум ва дуюм намегузаранд ба марҳилаи сеюми озмун даъват карда намешаванд ва ҳуҷҷатҳояшон баргардонида мешавад.

Мўҳлати қабули ҳуҷҷатҳо (21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун).

Бо мақсади дастрасии номгўи саволҳои озмун ва маълумоти иловагӣ ба Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сомонаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сомонаи  (www.minjust.tj/index.pnp), рақамҳои телефонҳои 221-91-10 ва 221-61-09 (факс) (рақами телефони кории Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус) муроҷиат намоед.