(+992 37) 221-44-05 | info@minjust.tj

Раёсати баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

Вазифаҳо, ваколатҳо ва ҳуқуқҳо

Раёсат дар  соҳаи муқарраргардидаи фаъолият вазифаи баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро анҷом медиҳад.

Мутобиқи   вазифаҳои   ба   зиммааш   вогузошташуда, ваколатҳои зеринро ба амал мебарорад:

- мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмӣ доштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро ба санадҳои қонунгузорӣ фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қрорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон месанҷад ва бақайдгирии давлатии онҳоро амалӣ мекунад;

- Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пеш мебарад;

- санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистонро ба ҳисоб мегирад;

- нусхаҳои назоратии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистонро маҳфуз медорад;

- Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пеш мебарад;

- назорати фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти мунтазами онҳо, анҷом медиҳад;

- мундариҷаи Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро тартиб дода, санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба он дохилшавандаро барои нашр омода менамояд;

- санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилшударо барои чопи минбаъдаи онҳо дар маҷаллаи Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода месозад;

- маводҳои ҳуқуқӣ, мақолаҳои олимон ва дигар мутахассисони соҳаҳои ҳуқуқро ҷамъоварӣ намуда, онҳоро барои чоп дар маҷаллаи назариявӣ ва сиёсию ҳуќуќии “Ҳаёт ва Қонун” тайёр мекунад;

- таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар самти фаъолияти Раёсат анҷом медиҳад;

- лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи фаъолияти Раёсатро таҳия намуда, бо супориши роҳбарият дар омода намудани лоиҳаҳои дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ иштирок мекунад.

Раёсат барои татбиқи вазифаҳо ва ваколатҳли дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ҳуқуқ дорад:

- вазъи  кори ҳуқуқӣ  ва  фаъолияти вазоратҳо, кумитаҳои  давлатӣ,  дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро оид ба риояи тартиби муќарраркардашудаи  таҳия,  бақайдгирии  давлатӣ ва  нашри санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тафтиш намояд ва  аз онҳо пешниҳод кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаро барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорат талаб карда, ба роҳбарони  мақомоти  мазкур  дар  бораи вайронкуниҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар фаъолияти хадамоти ҳуқуқӣ пешниҳодот манзур намояд;

- бо тартиби муқарраршуда аз Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат мекунанд, хориҷ намояд;

- оид ба такмили минбаъда ва  рушди фаъолияти Раёсат пешниҳодот манзур намояд;

- Раёсат дигар ҳуқуқҳои бо  қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинишударо доро мебошад.

© 2017 | Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ 25
Тел: (+992 37) 221-44-05 (қабулгоҳ)
Факс: (+992 37) 221-80-66