Тамос

Телефони алоқаи таъҷилӣ: 3040

Ҷаласаи чоруми Машварати вазирони адлияи давлатҳо-аъзои Созмони ҳамкории Шанхай

Дар асоси Розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супориши Дастгоҳи иҷроияи Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 октябри соли 2016, таҳти № 29/10-464 Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод дар ҷаласаи чоруми Машварати вазирони адлияи давлатҳо-аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки 28 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, ширкат варзид.

Дар кори чорабинии мазкур Вазири адлияи Ҷумҳурии Қирғизистон Мамбеталиева Ж., Вазири адлияи Федератсияи Россия КоноваловА., Вазири адлияи Ҷумҳурии Халқии Хитой У Айин, аз ҷониби давлатҳо-нозири СҲШ – Вазири адлияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдул Басир Анвар, Вазири адлияи Ҷумҳурии Беларус Слижевский О., машваратчии Сафорати Ҷумҳурии Муғулистон Б. Лхавга ва мушовири Вазир – сардори Департаменти ҳамкории байналмилии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Исломии Эрон М. Меҳрон Фар иштирок намуданд. Ҷаласа таҳти раисии Вазири адлияи Ҷумҳурии Қазоқистон Бекетаев Марат гузаронида шуд.

Дар Ҷаласа, ки дар фазои созанда ва дўстона сурат гирифт, иштирокчиён натиҷаҳои ҳамкории миёни вазоратҳои адлия барои давраи гузаштаро ҷамъбаст намуда, мавзўҳои муболилаи таҷриба оид ба тартиби пешгўи ва банақшагирии фаъолияти меъёрэҷодкунӣ, ташкили ташвиқу тарғиботи ҳуқуқӣ, баланд бардории маърифати ҳуқуқии ҷомеа, таҳияи пешниҳодҳо оид ба рушди хизматрасонии ҳуқуқӣ ва самти расонидани ёрии ҳуқуқӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ба дурнамоии ҳамкории минбаъда дар соҳаи экспертизаи судии криминалистӣ ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ ва ҷиноятии давлатҳо-аъзои СҲШ диққати махсус зоҳир намуданд. Вазирони адлия пешниҳодоти хешро оид ба вусъати минбаъдаи мубодила ва таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи ҳуқуқ ва адлия манзур намуданд.

Инчунин, вазирон масъалаи ташкили маҳзани электронии ягонаи қонунгузории давлатҳо-аъзои СҲШ барои соҳибкорон ва сармоягузоронро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Пас аз муҳокима, ҷонибҳо ҷиҳати тақвият ва барасмият дарории ҳамкориҳо изҳороти якҷоя аз натиҷаи ҷаласаи чоруми Машварати вазирони адлияи давлатҳо-аъзои СҲШ-ро ба имзо расонидан. Дар ҳуҷҷати имзошуда, самтҳои асосии танзими ҳамкорӣ миёни вазоратҳои адлияи СҲШ бо назардошти муқаррароти Стратегияи рушди Созмони ҳамкории Шанхай то соли 2025, созишҳо ва ҳадафҳое, ки дар эъломияҳои Душанбе, Уфа ва Ташкент изҳор шуданд, дарҷ гардидааст.

Дар фарҷом, вазирони адлия ҷониби қазоқистониро барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани чорабинӣ арзи сипос намуда, изҳори боварӣ аз он карданд, ки тамоми пешниҳодҳои манзуршудаи иштирокчиён татбиқи амалии худро меёбад ва механизми самараноки ҳалли мушкилиҳои мавҷуда хоҳа дшуд.