(+992 37) 221-44-05 | info@minjust.tj

Раёсати робитаҳои байналмилалии ҳуқуқӣ

Раёсати робитаҳои байналмилалии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Раёсати робитаҳои байналмилалии ҳуқуқӣ дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои колеггияи Вазорати адлияи ва фармоишҳои Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.

Сохтори Раёсати робитаҳои байналмилалии ҳуқуқӣ

  • Шўъбаи шартномаҳои байналмилалӣ ва риояи вазъи ҳуқуқи инсон.
  • Шўъбаи таъминоти ҳуқуқии лоиҳаҳои байналмилалии сармоягузорӣ.
  • Шўбаи ҳуқуқи кудак ва адлияи ноболиғон.
  • Шўбаи таъминоти ҳуқуқии ҳамкориҳои байналмилалӣ ва иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалӣ.

Раёсат дар доираи ваколатҳои худ чунин вазифаҳоро иҷро мекунад:

  • Таҳлили ҳуқуқии лоиҳаҳои созишномаҳо ва дигар санадҳои байналмилалиро оид ба мутобиқати онҳо ба Конститутсия, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро, ки аз субъектҳои гуногуни ҳуқуқэљодкунанда бармеояд, мегузаронад ва хулосаи ҳуқуқӣ пешниҳод менамояд.
  • Дар доираи ваколатҳои худ дар ҳамбастагӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилотҳои байналмилалӣ фаъолиятро дар таъмини ёрии ҳуқуқӣ ва ҳамкориҳо ҳамоҳанг месозад.
  • Таҳлили ҳуқуқӣ-муқоисавии санадҳои меъёрии ҳуқуқиро барои таҳияи санадҳои нави байналмилалии ҳуқуқӣ мегузаронад.
  • Бо супориши Ҳукумат ва роҳбарияти Вазорат дар комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ, конфронсҳои илмӣ, семинарҳо, љаласа оид ба масъалаҳое, ки элементи ҳуқуқи байналмилалиро дарбар мегиранд, иштирок менамояд. 
  • дар доираи ваколатҳои худ бо мақомоти адлияи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Иттиҳоди иқтисодии Евразия, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар ташкилотҳои байналмилалии минтақавӣ, аз ҷумла мақомоти адлияи дигар давлатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ мекунад;
  • дар доираи ваколатҳои худ оид ба  ҳамоҳангсозии  корбарӣ,  ёрии ҳуқуқӣ  ва  ҳамкорӣ бо  мақомоти  ҳуқуқии  давлатҳои хориҷии дахлдор, инчунин бо мақомоти  байналмилалии  ҳуқуқӣ  шартномаҳо  ё  созишномаҳо мебандад
  • нисбат  ба  лоиҳаҳои  байналмилалии  сармоягузорӣ,  ки  яке  аз тарафҳои  он  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  баромад  мекунад,  санҷиши  ҳуқуқӣ мегузаронад;
  • нисбат  ба  шартномаҳои қарзие,  ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистои баста мешаванд, хулосаи ҳуқуқӣ пешниҳод менамояд;
  • Нисбат ба лоиҳаҳои созишномаҳои байнидавлатӣ, байни ҳукуматӣ ва байниидоравӣ хулосаҳои ҳуқуқӣ пешниҳод менамояд.
  • дар   доираи   ваколатҳои  худ  дар  таъмини  иҷрои  ваколатҳои байналмилалие,  ки Ҷумҳурии  Тоҷикистон  оид  ба  ҳуқуқи  инсон  қабул кардааст, ширкат меварзад;
  • дар таҳияи санадҳои байналмилалии ҳуқуқии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ширкат меварзад;
  • санҷиши  ҳуқуқии  лоиҳаҳои  санадҳои   байналмилалии   ҳуқуқиро мегузаронад;
  • иштироки  ҳуқуқии   Ҷумҳурии   Тоҷикистонро   дар   ташкилотҳои байналмилалӣ таъмин менамояд;
  • нисбат ба гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ, ки барои эътибор пайдо  намудани  шартномаҳои  байналмилалӣ  зарур аст,  хулосаи ҳуқуқӣ пешниҳод менамояд;
© 2017 | Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ 25
Тел: (+992 37) 221-44-05 (қабулгоҳ)
Факс: (+992 37) 221-80-66