(+992 37) 221-44-05 | info@minjust.tj

Сарраёсати қонунгузорӣ

Таърихи таъсисёбӣ ва фаъолияти Сарраёсати ќонунгузории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Сарраёсати ќонунгузорӣ) ҳанўз аз даврони пайдоиши маќомоти адлияи Тоҷикистон оѓоз меёбад. Аз лаҳзаи таъсисёбии маќомоти адлияи Тоҷикистон то ба имрўз Сарраёсати ќонунгузорӣ ба сифати Шўъба, Раёсат ва сипас Сарраёсат арзи ҳастӣ намуда, дар ҳар як давра вазифаҳои ба зиммааш гузоштаро иҷро менамуд.

Имрўзҳо Сарраёсати ќонунгузорӣ яке аз сохторҳои мустаќил ва пешбарандаи дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Сарраёсати ќонунгузорӣ 20 воҳиди корӣ дошта, аз ду Раёсат ва як Шўъба иборат аст. Аз ҷумла:

- Раёсати таҳлил ва мутобиќсозии (ҳамоҳангсозии) ќонунгузорӣ;

- Раёсати ќонунгузории гражданӣ, иќтисодӣ ва иҷтимоӣ;

- Шўъбаи ќонунгузории конститутсионӣ, мудофиа ва бехатарӣ.

Сардори Раёсати таҳлил ва мутобиќсозии (ҳамоҳангсозии) ќонунгузории Сарраёсати ќонунгузорӣ дар як ваќт муовини Сардори Сарраёсати ќонунгузорӣ ба шумор меравад.

Дар фаъолияти худ Сарраёсати ќонунгузорӣ Конститутсияи (Сарќонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуќуќӣ», Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Сарраёсати ќонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуќуќиро ба роҳбарӣ гирифта, функсия ва вазифаҳои Вазорати адлияро дар таъмини сиёсати давлатӣ дар соҳаи меъёрэҷодкунӣ ва татбиќи санадҳои меъёрии ҳуќуќӣ таъмин менамояд.

Чунончи, Сарраёсати ќонунгузорӣ дар фаъолияти худ баҳри таъмини фаъолияти ҳуќуќэҷодкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Вазорати адлия вогузор гардидаанд, тавассути таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуќуќӣ иштирок намуда, бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ташаббуси худ лоиҳаҳои ќонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ќарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия менамояд ва тибќи тартиби муќарраршуда барои баррасӣ пешниҳод мекунад.

Сарраёсат дар доираи салоҳиятҳои худ санҷиши ҳуќуќии лоиҳаҳои ќонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуќуќиро анҷом медиҳад ва оид ба мутобиќати онҳо ба Конститутсия, ќонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуќуќии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуќуќии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, инчунин техникаи меъёрэҷодкунӣ хулосаи ҳуќуќӣ медиҳад.

Дар сурати боташаббуси аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳодгар дидани лоиҳаҳои ќонунҳо, ки бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати адлия пешниҳод мегарданд, мавриди омўзиш ва санҷиши ҳуќуќӣ ќарор дода, лоиҳаи хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Инчунин, дар сурати аз ҷониби дигар субъектони меъёрэҷодкунӣ пешниҳод гардидани лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуќуќӣ Сарраёсати ќонунгузорӣ онҳоро мавриди омўзиш, таҳлил ва баррасӣ ќарор дода, нисбат ба онҳо хулосаи ҳуќуќӣ медиҳад. Ба маќомоти давлатие, ки лоиҳаҳои ќонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ќарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия месозанд, ёрии методӣ мерасонад.

Кормандони Сарраёсати ќонунгузорӣ дар гурўҳҳои кори ҳукуматӣ ва байниидоравӣ оид ба таҳияи кодексҳо, ќонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуќуќӣ иштирок намуда, таклифу пешниҳодоти мушаххасро баҳри такмилдиҳии онҳо пешниҳод менамоянд. Инчунин, иштироки кормандони Сарраёсат дар конфронс, семинар, симпозиум ва дигар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ва дохили ҷумҳурӣ назаррасбуда, доир ба масоили дар онҳо муҳокимашуда фикру мулоҳизаҳои ҷолибро пешниҳод менамоянд.

© 2017 | Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ 25
Тел: (+992 37) 221-44-05 (қабулгоҳ)
Факс: (+992 37) 221-80-66