Тамос

Телефони алоқаи таъҷилӣ: 3040

Феҳристи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи хукуку озодихои инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла ҳуқуҷ барои дохил шудан ба ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳуқуқи иштирок намудан дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат, истифода аз ҳуқуқи озодона сухан гуфтан ва муайян кардани муносибат ба дин хамчун асоси демократиякунонии хаёти ҷомеаро кафолат додааст.

Вазорати адлия ба сифати мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҳисоб рафта, дар асоси талаботи қонунгузорӣ ва Низомномаи худ бақайдгирии ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро ба амал мебарорад.

Қонуни асосии танзимкунандаи тартиби таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои  сиёсӣ Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» мебошад.

Бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ тибқи Сарқонун (Конститутсия)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” ба танзи дароварда мешавад.

Яке аз вазифаҳои асосие, ки мувофиқи салоҳияти худ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҷо меорад, ин ба қайди давлатӣ гирифтани ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, филиалҳо  ва  намояндагиҳои  ташкилотҳои  ҷамъиятии   Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва аз қайди баҳисобгирӣ гузаронидани  филиалу  намояндагиҳои  ташкилотҳои  (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии) давлатҳои хориҷӣ мебошад. Дар баробари ин вазорат фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятиро оид  ба  риоя намудани  ҳуҷҷатҳои  таъсисиашон назорат менамояд ва мавриди санҷиш қарор медиҳад. Дар сурати аз тарафи иттиҳодияи xамъиятӣ содир карда шудани амалиётҳое, ки аз доираи мақсад ва вазифаҳои муайянкардаи Оиннома берунанд ва ё аз тарафи онҳо вайрон карда шудани талаботи қонун, онҳоро тариқи  хаттӣ огоҳ мекунад,  дар бораи боздоштани фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё барҳам додани он ба суд пешниҳод манзур менамояд.

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналхалкӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллиеро, ки дар ҳудуди ш.Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ фаъолият мекунанд,  ба қайди давлатӣ мегирад.

Бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллӣ аз тарафи Раёсатҳои адлияи мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ ва дигар вилоятҳои xумҳурӣ низ ба амал бароварда мешавад.

Дар вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ то 1 январи соли 2015, 8 ҳизби сиёсӣ ва 2 800 иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ сабти ном гаштаанд.

 

Огоҳинома

Дар бораи гирифтани пардохтҳои ихтиёрӣ, хайрияҳо, грантҳо ё молу мулк аз ҷониби иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз давлатҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқии хориҷӣ,

шахсони ҳуқуқие, ки бо иштироки субъектҳои хориҷӣ таъсис ёфтаанд, ташкилотҳои байналмиллалӣ ва ҳаракатҳои ҷамъиятии байналмиллалӣ

 

 

Иттиҳодияи ҷамъиятӣ

 

 

 

Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии вилояти Хатлон