Тамос

Телефони алоқаи таъҷилӣ: 3040

Феҳристи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

Дар асоси моддаҳои 72 ва 73 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баҳисобгирӣ, қайди давлатӣ ва дохил намудан ба Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегарданд.

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро ба санадҳои қонунгузорӣ, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ месанҷад ва бақайдгирии давлатии онҳоро амалӣ мекунад. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидошта танҳо баъд аз санҷиш, бақайдгирӣ ва интишори расмӣ эътибор пайдо мекунанд.

Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки аз қайди давлатӣ нагузаштаанд, оқибати ҳуқуқӣ надоранд ва ҳамчун эътиборнадошта наметавонанд барои танзими муносибатҳои ҳуқуқии дахлдор ва татбиқи муҷозот барои иҷро накардани муқаррароти онҳо асос гарданд. Ҳангоми ҳалли баҳсҳо ба ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ истинод намудан мумкин нест.

Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қисми таркибии системаи иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар қаламрави давлат расонидани ахбори ҳуқукиро ба амал  мебарорад ва маҳзани маълумоти ахбори ҳуқуқӣ мебошад.

Пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Раёсати баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

 

 

Номгӯи феҳристи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии солҳои 2010-2014