Тамос

Телефони алоқаи таъҷилӣ: 3040

Корхонаи воҳиди давлатии нашриёти «Қонуният»

Корхонаи воҳиди давлатии нашриёти “Қонуният”-и

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Корхонаи воҳиди давлатии нашриёти “Қонуният”-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  9 апрели соли  1997, таҳти  № 691 “Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон“ ва  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи 1997, таҳти №383   «Дар бораи  баъзе чораҳои беҳтар намудани  тарбияи  ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кори  ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ», ки ҷиҳати дар амал  татбиқ намудани Фармони номбурда қабул гардидааст, таъсис дода шудааст.

Дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикршуда  нашри адабиёти ҳуқуқӣ, маҷмӯаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хусусияти  меъёрию  ҳуқуқӣ  дошта, ба манфиатҳои шаҳрвандон ва ашхоси ҳуқуқӣ равона гардидааст  ба зиммаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нашриёти "Қонуният"  гузошта шуда.

Корхонаи воҳиди давлатии нашриётии “Қонуният”- и Вазорати адлияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра дар ҳамкорӣ ва ҳамбастагӣ бо Раёсати   баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати робитаҳои байналмилалии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷалла ва маҷмӯаҳои зеринро ба монанди маҷаллаи назариявӣ ва сиёсию ҳуқуқии «Ҳаёт ва Қонун», “Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, маҷаллаи “Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва «Маҷмӯи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мунтазам ба нашр расонида истодааст.

Тамоми маҷмӯаҳои дар боло зикргардида ва дигар маводҳое, ки дар нашриёт ба нашр мерасанд дар асоси шартномаи  байни КВД «Почтаи Тоҷик» ва  Корхонаи воҳиди давлатии нашриёти «Қонуният»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон басташуда ба вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  инчунин дигар  идораю корхонаҳо фиристода мешаванд.

Корхонаи воҳиди давлатии нашриётии “Қонуният”- и Вазорати адлияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ  барои  амалӣ намудани талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии мазкур, баланд  бардоштани сатҳи  дониши  ҳуқуқии  аҳолӣ ва таъмини дастрасии асноди ҳуқуқӣ барои тамоми шаҳрвандон ва ташкилотҳо кӯшишҳо ва иқдомҳои мушаххасро амалӣ  карда истодааст.

Аз сентябри соли 2009 ба зиммаи Корхонаи воҳиди давлатии нашриёти “Қонуният”- и Вазорати адлияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбурди барномаи Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Адлия” гузошта шудааст, ки  аз Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Адлия” соли 2014 дар маҷмӯъ 315 вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар макомоти идоракунии давлатӣ, инчунин  идораю корхонаҳо истифода мебаранд.

Ба Махзани мутамаркази иттилоотӣ- ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои  меъёрии  ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъд аз 9 сентябри соли 1991 яъне пас аз ба даст овардани истиқлолият қабул гардидаанд, дохил карда шудааст.  Инчунин, таѓйироту иловаҳое, ки ба қонунгузории ҷорӣ ворид мегарданд, ба Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии “Адлия” ҳар моҳ дохил карда шуда, он   мунтазам  таҷдид  карда  мешавад.

Дар ҳамдастӣ бо Бонки умумчаҳонӣ ва лоиҳаи Ислоҳоти бахши давлатии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи (интерфейси)  Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Адлия” пурра таҷдид карда шуд.

Симои (интерфейси) таҷдидкардашуда, тамоми низомҳои оператсионӣ ва таъминоти барномавӣ дар намуди нав пешниҳод шуда, сервери он дар майдончаи интернет – провайдери “Вавилон-Т” ҷойгир карда шудаст.

Айни ҳол барои иҷрои корҳои дар боло зикргардида, дар Корхонаи воҳиди давлатии нашриёти “Қонуният”-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 нафар мутахассисон фаъолият менамоянд.