Тамос

Телефони алоқаи таъҷилӣ: 3040

Донишкадаи такмили ихтисос кормандони макомоти хифзи хукук,макомоти адлия ва хадамоти хукукии корхонахо, муассисахо ва ташкилотхои вазорати адлияи чумхурии точикистон

Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳури Тоҷикистон

Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти адлия ва хадамоти ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи давлатии таълимӣ буда, соли 1997 тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997, №691 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқи ва таъмини тарбияи ҳукуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шу-дааст.

Ҳадафи асосии фаъолияти Донишкада дар амалӣ намудани сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарғиботи ҳуқуқӣ, баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии аҳолӣ, омодасозӣ ва бозомӯзии кадрҳои баландихтисос, ташкил ва баргузор намудани курсҳои такмили ихтисоси кормандони макомоти ҳифзи ҳукук, мақомоти адлия ва хада-моти ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо бо назардошти назария ва амалия.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, самтҳои асосии фаъолияти До-нишкада самтҳои зеринро фаро мегирад:

- баландбардории савияи донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ ва малакаи касбии мутахассисони мақомоти адлия ва хадамоти ҳуқуқӣ бо роҳи ташкил ва баргузор намудани курсҳои такмили ихтисос, аз ҷумла курсҳои сайёр;

- омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисони баландихтисос;

- ташкил ва баргузор намудани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар соҳаи ҳуқуқ;

- ҳамкорӣ бо мақомоти хифзи ҳуқуқ ва ҷалби онҳо ба раванди таълим;

- ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ бо мақсади аз худ намудани таҷрибаи пешрафта ва ҷорӣ намудани онҳо дар раванди фаъолияти Донишкада;

- ҳамкорӣ бо муассисаҳои олии таълимии ватанӣ ва хориҷӣ бо мақсади мубодилаи таҷриба ва бозомӯзии мутахассисон.

Донишкадаи такмили ихтисос вазифаҳои дар назди худ гузошташударо бо роҳҳои зерин амалй менамояд:

- ташкил ва баргузор намудани курсҳом такмили ихтисос ва бозомӯзии кӯтоҳмуддат ва миёнамӯҳлат;

- ташкил ва баргузор аамудани курсҳои сайсри кӯтоҳмуддат бо ҷал» би доираи васеи аҳолӣ дар маҳал;

- ташкил ва баргузор намудани семинарҳо, мизи мудаввар ва дигар чорабиниҳои хислати илмӣ, амалӣ ва илмӣ-амалӣ дошта;

- бурдани тадқиқотҳои илми дар соҳаи ҳуқук.

Айни вақт дар Донишкада се кафедраи соҳавӣ, ба монанди кафед-раҳои ҳуқуқи гражданӣ, ҷиноятӣ ва Илмҳои гуманитарӣ фаъолият менамоянд, ки онҳо соҳаи дахлдори фаъолияти Донишкадаро роҳбарӣ мена-моянд.

Китобхонаи илмии Донишкада, ки фонди васеи адабиёти илмиро фарогир аст, ҳаёти илмии Донишкадаро таъмин менамояд.