Тамос

Телефони алоқаи таъҷилӣ: 3040

Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистӣ

Таърих ва таъсисёбии Маркази ҷумҳуриявии экспертизахои судӣ

ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Экспертизаи судӣ барои ошкор намудани ҷиноят мавқеъи муҳимро мебозад.

Саривақт пурра фош намудани ҷиноят, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудани ашхоси дар ҳақиқат гунаҳгор яке аз омилҳои муҳими мустаҳкам намудани қонуният, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, муҳофизати манфиатҳои ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Дар раванди муборизаи мақомоти махсуси ҳифзи ҳуқуқ ва аҳли ҷомеа алайҳи ҷинояткорӣ эҳтиёҷ ба ёрии илму фан, касбҳои махсус ва техника пайдо мешавад.

Агар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши пешакӣ ва мурофиаи судӣ аз воситаҳои илмию-техникӣ, тарзҳои тактикӣ, усулҳои самараноктарини муосири тафтиши ҷиноятҳои алоҳида ва инчунин дастовардҳои экспертизаҳои криминалистиро истифода намебурданд, сирри бисёр ҷиноятҳо фош намешуд, ҷинояткорон ошкор нагардида, беҷазо мемонданд ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон поймол мешуд.

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Раёсатҳои соҳавӣ Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистӣ (МҶЭСваК) фаъолият мекунад, ки он дар ҷумҳурӣ Маркази асосии илмию методӣ оид ба масъалаҳои экспертизаи судӣ мебошад.

Экспертизаи судӣ дар давраи тараққии худ ташаккул ёфта дар замони ҳозира самти муайяни илмии худро дорад ва назарияи илмии ў дар системаи илмии дониш мақоми муайяне дорад.

Бо Қарори Совети Вазирони ИҶШС  аз 31 декабри 1950 дар ҳайати Вазорати адлияи ИҶШС  ва ҷумҳуриҳои иттифоқӣ муассисаҳои криминалистикии экспертӣ ташкил шуданд.

Нахустасоси таъсисёбии Марказ дар ҷумҳурии мо Қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 21 октябри соли 1959  № 451 «Дар бораи ташкил кардани лабораторияи илмӣ-тадқиқотии криминалистӣ» буд. Аз моҳи январи  соли 1960 дар назди факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин лабораторияи криминалистӣ ба кор оғоз намуд.

Ба ҳайси мудири Лабораторияи криминалистӣ дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавии факултаи ҳуқуқшиносии  Донишгоҳи  давлатии Тоҷикистон Яков Михайлович Яковлев таъин шуда буд. Бо ташаббуси Я.М.Яковлев соли 1962 аз тобеияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бюрои экспертизаҳои судии ҳисобдорӣ  ба Лабораторияи криминалистӣ дода шуд.

Соли 1967 гурўҳи экспертҳо ба шўъбаҳо табдил ёфта, шўъбаҳои экспертизаҳои хатшиносӣ, экспертизаҳои физики-техникӣ, экспертизаҳои автотехникӣ, экспертизаҳои ҳисобдорӣ ва шўъбаи ҷамъбасткунӣ ва иттилоот ташкил шуданд.

Соли 1971 лабораторияи криминалистӣ  ба лабораторияи илмӣ-тадқиқотии экспертизаҳои судӣ ( ЛИТЭС)  номгузорӣ шуда ба тобеияти Вазорати адлияи Республикаи Тоҷикистон дода шуд ва ҳамин тариқ барои мустаҳкам намудани базаи моддӣ-техникии он шароит фароҳам оварда шуд.

Дар баробари ба тобеияти Вазорати адлия гузаштани ЛИТЭС алоқаи он бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мустаҳкам гардид. Кормандони ЛИТЭС бахшида ба соҳаҳои гуногуни экспертизаҳои судӣ дар семинарҳои судҳо, прокуратура ва дигар мақомотҳои тафтишот  мунтазам маърўзаҳо менамоянд.

Аз 25 июли соли 1988  ЛИТЭС  бо Қарори Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон ба Лабораторияи марказии илмӣ-тадқиқотии экспертизаҳои судӣ дар назди Вазорати адлияи ҶШС  Тоҷикистон номгузори карда шуд.

18 феврали соли 1998 бошад, Лабораторияи марказии илмӣ-тадқиқотии экспертизаҳои судӣ дар назди Вазорати адлияи ҶШС  Тоҷикистон бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   таҳти  № 44  Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номида шуд.

Дар солҳои аввали мавҷудияти худ ЛИТЭС  танҳо истеҳсоли намудҳои алоҳидаи экспертизаи физикию химикӣ, хатшиносӣ ва ташхиси техникии ҳуҷҷатҳоро гузаронида, на фақат барои мақомоти судӣ-тафтишотии Республикаи Тоҷикистон, балки барои баъзе вилоятҳои Узбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон низ санҷишҳои криминалистии далелҳои шайъиро ба ҷо меовард.

Нақши торафтафзояндаи санҷиши судӣ дар ошкор кардани ҷиноятҳо, зарурати боз ҳам тараққӣ додани он дар Тоҷикистон, мавҷуд будани кадрҳои баландихтисоси коршиносони криминалист имкон доданд, ки дар асоси Маркази ҷумҳуриявӣ соли 1974 дар шаҳри Ленинобод (Хуҷанди имрўза), соли 1991 дар шаҳри Кўлоб, баъди якҷоя шудани вилояти Кўлоб бо вилояти Қурғонтеппа дар шаҳри Қурғонтеппа  соли 2004, инчунин дар шаҳри Хоруғ соли 2000 бахшҳои (филиалҳои) экспертизаҳои судӣ-криминалистӣ кушода шаванд.

Дар ҳашт шўъбаи Марказ, яъне дар шўъбаҳои экспертизаи судии криминалистӣ; экспертизаи судии криминалистии мавод, маснуот ва экологӣ; экспертизаи судии хатшиносӣ; экспертизаи судии молшиносӣ; экспертизаи судии техникаи нақлиёт; экспертизаи судии муҳандисию-сохтмонӣ, экспертизаи судии иқтисодӣ; экспертизаи судии техникаи компютерӣ ва видеоовозшиносӣ ва бахшҳои вилоятии он зиёда аз 24 намуди экспертизаи судӣ криминалистӣ гузаронида мешаванд.

Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистӣ ба туфайли мунтазам баланд бардоштани сатҳи ихтисоси кормандон имрўз тадқиқи нахҳо, лаку ранг ва маводи сўзишворию молиданӣ, моддаҳои нашъадор, фулузот ва махлутҳо, моеъҳои спиртдор, хок, хатҳо, экспертизаҳои автотехникӣ, нақлиётӣ-пайшиносӣ, фулузотшиностӣ, молшиносӣ, баллистикӣ, техникӣ, ҳуҷҷатҳо ва ғайраро бо муваффақият ба ҷо меоварад.

Ҳар сол дар Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистӣ  бештар аз 5,5 ҳазор экспертиза гузаронида мешавад.

Бо баробари соҳибистиқлолиро ба даст овардани Тоҷикистон зарурати аз нав кардани заминаҳои ҳуқуқии экспертизаи судӣ низ ба миён омад.

Бо назардошти аҳамияти донишҳои махсус дар рушди ҷомеъа ва давлат, инчунин тақвияти минбаъдаи адолати судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал фаъолияти экспертизаи судӣ заминаи устувори қонунгузорӣ пайдо кард.  25 июли  соли 2005 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қонун «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ» қувваи амалӣ пайдо кард, ки асосҳои ҳуқуқӣ ва вазифаҳои асосии фаъолияти экспертизаи давлатии судиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятие, ки ҳангоми ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ ба вуҷуд меояд, танзим менамояд. Ба қонуни номбурда аз соли 2007 ва соли 2011 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Ин санад дар фаъолияти экспертизаи давлатии судӣ- санади муҳими ҳуқуқӣ буда, мувофиқ бо тарзи нави системаи ҷамъиятӣ мебошад.

То замони истиқлол ҳамаи маҷмўи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ вобаста ба фаъолияти экспертизаи давлатии судӣ танҳо бо забони русӣ нашр мешуданд. Коршиносон низ хулосаро танҳо бо забони русӣ омода месохтанд.

Имрўз дар Маркази Ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон коргузорӣ ва гузаронидани экспертизаҳо пурра бо забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст.

Аз замони таъсисёбӣ то ин вақт Марказ хеле инкишоф ёфта, ба муассисаи ташхисии ҷумҳуриявӣ табдил ёфтааст. Марказ дар тўли 55 сол аз як кафедра ба муассисаи бонуфуз табдил ёфт, ки алҳол он Маркази асосии экспертизаҳои судии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ҳоло дар Марказ ва филиалҳои он 81 нафар мутахассисон фаъолият менамоянд, ки дар таҳким ва волоияти қонун дар ҷумҳурӣ саҳми арзандае мегузоранд.

Садорати Марказ аз сардор, муовини сардор ва сардорони бахшҳо (филиалҳо) иборат аст.  Айни ҳол сарварии Марказро Раҳмонзода  Умедҷон Нуридин  ва муовини ӯ  Обидов Раҳим Мансурҷонович ба ӯҳда доранд.

Сардории бахши дар вилояти Суғд  ба ӯҳдаи Усмонов Обидҷон, сардории бахши дар вилояти Хатлон ба Юлдошев Эминҷон Қосимҷонович ва сардории бахши ВМКБ  ба Акобиршоев Қадамшо вогузор шудааст.

Сардории шӯъбаҳо низ ба ӯҳдаи мутахассисони варзида вогузор аст: мудирии шӯъбаи экспертизаи судӣ хатшиносиро Маҳмудова Уғулой Раҳматуллоевна, мудирии шӯъбаи экспертизаи судӣ  автотехникиро Усмонов Аҳадҷон Раҳматович, мудирии шӯъбаи экспертизаи судӣ криминалистиро  Аҳророва Шарофат Миршариповна, мудирии шӯъбаи экспертизаи судӣ криминалистии мавод, маснуот ва экологиро Беков Алишер Ҷумъабоевич, мудирии шӯъбаи экспертизаи судӣ муҳандисию-сохтмониро Ҳалимов Фурқат Абдуманонович, мудирии шӯъбаи экспертизаи судӣ техникаи компютерӣ ва видеовозшиносиро Музофиршоев Ҳайрат Музофиршоевич, мудирии шӯъбаи экспертизаи судӣ иқтисодиро Одинаев Аъзам Амруллоевич  ва мудирии шӯъбаи молшиносиро    Оймаҳмадов Дилшод Гулович ба ӯҳда доранд, ки бо камоли масъулият вазифаҳои худро адо мекунанд.