Тамос

Телефони алоқаи таъҷилӣ: 3040

Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ

Раёсати  асноди  ҳолати  шаҳрвандии Вазорати  адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - мақоми давлатии   назорат   ва ҳамоҳангсозандаи  фаъолияти  мақомоти  сабти асноди  ҳолати шаҳрвандӣ мебошад.

Раёсат ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад.

Вазифаҳои асосии Раёсат инҳо мебошанд:

- таъмини саривақтӣ, пурра ва дурусти бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ;

- такмил додани фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ;

- расонидани  ёрии ҳарҷониба ба танзими маросимҳо ва расму оинҳои нав ҳангоми бақайдгирии давлатии асноди  ҳолати шаҳрвандӣ,  аз  ҷумла ҳангоми ба қайди давлатӣ гирифтани таваллуд ва никоҳ;

- анҷом додани назорат аз болои фаъолияти мақомоти  сабти  асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ҳангоми аз тарафи онҳо иҷро намудани амалҳои вобаста ба бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ;

- ҳамоҳангсозии  фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳангоми иҷро намудани вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузоштаи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандиро  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомотҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ амалӣ менамоянд.

Раёсат мувофиқи вазифаҳои ба зимааш гузошташуда:

- роҳбарии  умумии  кори  мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро анҷом медиҳад;

- доир  ба  такмил  додани фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешад, кори онҳоро тафтиш менамояд ва ҷиҳати беҳтар кардани он супоришҳо медиҳад;

- дар тамоми ҳудуди  Ҷумҳурии  Тоҷикистон қатьиян  риоя  кардани тартиб  ва  мӯҳлати  муқарраршудаи  бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандиро таъмин менамояд;

- ба  кори  мақомоти  сабти  асноди  ҳолати шаҳрвандии  ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиб додани  асноди  ҳолати шаҳрвандҷ  ва  додани шаҳодатномаҳо,  инчунин  ба  дуруст  ситонидани боҷи  давлатњ ҳангоми додани шаҳодатномаҳо мунтазам назорат мекунад;

- дурустии сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро, ки аз мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ворид мешаванд, тафтиш карда, хатогиҳои дар ин аснод муайянгардидаро бартараф менамояд;

- аз хусуси бекор кардани асноди ҳолати шаҳрвандии барқароршуда ё такроран тартиб додашуда хулосаҳо медиҳад;

- мутобиқи тартиби муайянгардида  дархости шаҳрвандони  Ҷумҳурии Тоҷикистонро  оид ба иваз намудани фамилия,  ном ва номи падар мавриди баррасӣ қарор медиҳад;

- дар  бойгонии Раёсат ва бойгониҳои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ маҳфуз доштан ва тартиб додани нусҳаҳои дуюми сабти асноди ҳолати  шаҳрвандҷ  ташкил  мекунад  ва  кори  ин бойгониҳоро  назорат мекунад;

- дуруст  нигоҳ дошта шудани нусхаҳои якуми сабтҳои асноди ҳолати шаҳрвандҷ дар бойгониҳои  шӯъбаҳои  сабти  асноди ҳолати  шаҳрвандиро назорат мекунад;

- аз рӯи ҳамаи навъҳои сабтҳои асноди ҳолати шаҳрвандҷ  феҳрасти ҷумҳуриявҷ тартиб медиҳад ва онро мебарад;

- аз ҷониби мақомоти сабти  асноди  ҳолати шаҳрвандҷ  сари  вақт пешниҳод кардани ҳисоботи омориро таъмин менамояд, маълумотҳои омориро меомӯзад;

- мутобиқи   тартиби   муқарраргардида фармоиши  тайёр  намудани бланкаҳои   асноди   ҳолати   шаҳрвандҷ, шаҳодатномаҳо   ва    дигар ҳуҷҷатгузориҳоеро,   ки   барои  бақайдгирии давлатии  асноди  ҳолати шаҳрвандҷ  заруранд,  иҷро менамояд ва  мақомоти сабти  асноди  ҳолати шаҳрвандиро бо ин ҳуҷҷатҳо таъмин менамояд;;

- таҷрибаи  пешқадами  кори  мақомотҳои сабти   асноди   ҳолати шаҳрвандиро   ҷамъбаст  ва  паҳн  менамояд,  барои баланд  бардоштани тахассуси коргарони онҳо чора меандешад;

- барои баланд бардоштани маданияти хизматрасонии аҳолҷ аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандҷ чораҳо меандешад;

- дар  байни  аҳолҷ  корҳои  фаҳмондадиҳиро доир  ба  тартиб  ва мӯҳлатҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандҷ анҷом медиҳад.

Раёсат   сари   вақт  ва  дуруст  баррасҷ намудани  муроҷиати шаҳрвандонро таъмин менамояд.

Раёсат  функсияҳои  худро  аз  болои фаъолияти мақомоти сабти асноди  ҳолати  шаҳрвандҷ  дар  ҳамкории  зич  бо мақомоти   маҳаллии ҳокимияти давлатҷ  ва худидоракунҷ амалҷ менамояд.

Ба Раёсат сардор роҳбарҷ мекунад,  ки аз ҷониби Вазири адлияи ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.