Тамос

Телефони алоқаи таъҷилӣ: 3040

Хамкорихои байналмилали

Вобаста ба масъалаҳои таъминоти ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалӣ ба Раёсати робитаҳои байналмилалии ҳуқуқӣ  дар 12 моҳи соли 2014 - 2156   мавод ворид гардида, мавриди санҷиши ҳуқуқӣ қарор дода шуд.

Аз 2156 мавод, 927 адад дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 970 адад тибқи дархости вазорату идораҳо ва сохторҳои зертобеи Вазорати адлия, 259 адад дар асоси муроҷиати вазоратҳои адлияи давлатҳои хориҷӣ роҷеъ ба ёрии ҳуқуқӣ, ташкилотҳои хориҷӣ, аризаи шаҳрвандон ва мақомоти дигар ворид гардиданд.

Аз ин шумора 334 адад лоиҳаҳои созишнома, протокол, ёддоштҳо ва шартномаҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ, 9 адад амр ва фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 71 адад лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 34 адад лоиҳаи қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 32 адад созишномаҳои грантӣ, қарзӣ.

Кормандони Раёсат дар 12 моҳи соли ҷорӣ дар Гуруҳҳои корӣ ва Комиссияҳои байниҳукуматии зерин ширкат варзиданд:

-Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ;

-Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои иқтисоди;

-Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларусия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ;

-Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ;

-Комиссияи байниидоравӣ оид ба масъалаи Роғун;

-Гурӯҳи кории байниидоравӣ вобаста ба ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага.

-Гурӯҳи корӣ оид ба масъалаи гузаронидани делимитатсия ва демркатсияи сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон;

-Гурӯҳи корӣ оид ба Лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқ- CASA – 1000;

- Гурӯҳи корӣ оид ба пешниҳод намудани номзадии кишвар ба Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ барои солҳои 2017-2019

 

Ёрии ҳуқуқии байналмилалӣ

Дар соли 2014 ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷиикисон дар асоси Конвенсияҳои оид ба ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ доир ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ, 176 адад дархост ворид шудааст. Аз он 146 адад аз Вазорати адлияи Федератсияи Россия, 13 адад аз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Белорусия, 8 адад аз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Молдова ва Вазорати адлияи Туркманистон, 3 адад аз Вазорати адлияи Украина, 4 адад аз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Қазоқистон ва 2 адад аз Вазорати адлияи Туркия мебошад.

Дар моҳи январи соли 2015 дар асоси Конвенсияҳои мазкур 14 адад дархост ворид шудааст. Аз он 11 адад аз Вазорати адлияи Федератсияи Россия, 1 адад аз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Узбекистон ва 2 адад аз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Белорусия мебошад.

 

Ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ

Аз оғози нимсолаи соли 2013 Вазорати адлия, Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) ва Ассотсиятсияи Хелветас якҷоя барномаи «Дастрасӣ ба адолати судӣ»-ро дар амал татбиқ менамоянд. Дар доираи лоиҳаи мазкур ҳамкорӣ дар соҳаи муқаррар намудани платформаи муколамаи ҷамъиятӣ, ташкил додани низоми ёрии ҳуқуқии ройгон дар ҷумҳурӣ, баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ дар бораи ҳуқуқҳои худ, инчунин оиди қонунҳои амалкунанда, баланд бардоштани иқтидори мақомоти САҲШ ва нотариат ба роҳ монда шудааст.

Айни ҳол Вазорат бо дастгирии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) такмили лоиҳаи Консепсия оид ба ёрии ҳуқуқиро ба охир расонида истодааст. Вазорат хулосаю тавсияҳои мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятиро оид ба натиҷаи ҷаласаҳои муштараки ҷамъиятӣ ҷамъбаст намудааст, ки ҷаласаҳои мазкур тобистони соли гузашта дар ноҳияи Ғарм, шаҳрҳои Қурғонтеппа, Хуҷанд ва Душанбе гузаронида шуданд.

Инчунин, дар доираи лоиҳаи «Дастрасӣ ба адолати судӣ» дар ҳамбастагӣ бо Хелветас корҳо оид ба беҳтарнамоии омўзиши ҳуқуқи оилавӣ дар мактабҳои миёна давом дорад, лоиҳаи  муштараки “ Тахмини дастрасӣ ба адолати судӣ бо воситаи хатти телефонӣ” амалӣ карда шуд.