Тамос

Телефони алоқаи таъҷилӣ: 3040

Вазорати адлия

Вазорати  адлияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда,  татбиқи сиёсати  давлат  ва батанзимдарории  меъёрии  ҳуқуқиро  дар   соҳаҳои меъёрэҷодкунӣ,  ёрии  ҳуқуқӣ  ба  шаҳрвандон,  тарљибу ташвиқи ҳуқуқи, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ,  экспертизаи судӣ ва криминалистӣ,  дигар соҳаҳои адлияе,  ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд, таъмин менамояд.

Вазорат   фаъолияти  мақомот  ва  ташкилотҳои  системаи  худро роҳбарӣ, ҳамоҳанг ва назорат менамояд.

Вазорат  фаъолияти  худро  дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон,  қонунҳои  конститутсионӣ  ва  қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  қарорҳои  Маҷлиси  миллӣ  ва Маҷлиси намояидагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  фармонҳо  ва  амрҳои  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон,   қарорҳо  ва  фармоишҳои  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва ҳамин Низомнома ба роҳ мемонад.

Вазорат  фаъолияти  худро  дар  ҳамкорӣ  бо  мақомоти   дигари марказии   ҳокимияти   иҷроия,  мақомоти  иҷроияи  маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ,  шахсони ҳуқуқӣ сарфи назар аз шакли ташкиливу  ҳуқуқӣ  анҷом медиҳад.