Тамос

Телефони алоқаи таъҷилӣ: 3040

Маҷаллаи назариявӣ ва сиёсию ҳуқуқии «Ҳаёт ва Қонун»

Маҷаллаи мазкур бо мақсади амалӣ сохтани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997, №691 “Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини  тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 22 августи соли 1997, №383 «Дар бораи  баъзе чораҳои беҳтар намудани  тарбияи  ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кори  ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» ва    аз 29 апрели соли 2009, №253 «Дар бораи тасдиқи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» нашр мегардад.

 

Маҷалла матни қонунҳои нав, мақолаҳои илмӣ, тафсирҳои мутахассисони соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ, ки таѓйирот ва ѓояҳои навинро дар низоми ҳуқуқии кишвар инъикос менамояд, дар бар мегирад. Сарфи назар аз каме дертар  ба нашр  шурўъ шудани маҷаллаи “Ҳаёт ва Қонун” (нахуст  шумораи  маҷалла  моҳи  сентябри соли 2002 рўи  нашрро дид) он воқеан   ҷавобгўи талаботи  замон  гардид. Дар саҳифаҳои “Ҳаёт ва Қонун” матни қонунҳои навқабулкардаи Тоҷикистон, мақолаҳои олимони шинохташудаи ватанию хориҷӣ,  мутахассисони  варзидаи соҳаи амалия ва  дигарон  чоп  мегардиданд.

Маҷалла мутобиқи фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2010, №70 дар як сол на камтар аз 4 маротиба чоп гардида, ба таври ройгон ба вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва аҳолӣ, паҳн карда мешавад.

 

Шакли электронии мачалаи назариявию сиёси хукукии “Ҳаёт ва Қонун” солхои 2011-2014

 

соли 2011


соли 2012


соли 2013


соли 2014