Тамос

Телефони алоқаи таъҷилӣ: 3040

Маҷмўи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷмўи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2000, №138 «Дар бораи Маҷмўи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2000, №127 «Масъалаҳои Маҷмўи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»  нашр карда мешавад.

 

Маҷмўи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нашрияи расмӣ буда, бо забони давлатӣ ва забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо дар варақҳои ивазшаванда бо мақсади нав кардани маводи он ба қадри вусъатёбию такомули минбаъдаи қонунгузорӣ нашр карда мешавад.

 

То ба имрўз 5 ҷилди пурраи Маҷмўи қонунҳо бо забонҳои давлатӣ ва русӣ ба чоп расида, дар онҳо қонунҳое, ки муносибатҳои ҳуқуқи конуститутсионӣ, ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи оилавӣ ва таъминоти иҷтимоӣ, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва адолати судӣ,  мақомоти адлия, прокуратура ва адвокатураро ба танзим медароранд, инчунин  қонунгузорӣ дар бораи муҳофизат ва истифодаи захираҳои  табиӣ, ҳифзи муҳити зист, истифодаи замин, заминсозӣ ва муҳофизати замин ҷой дода шудаанд.

Соли 2015 нашри ҷилди 6 Маҷмўи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба қонунгузорӣ дар бораи нақлиёт, коммуникатсия, алоқа, сохтмон, шаҳрсозӣ ва меъморӣ, саноат ва хоҷагии қишлоқ бахшида шудааст, дар назар аст.

 

Маҷмўи қонунҳои


Маҷмўи 1 Маҷмўи 2 Маҷмўи 3 Маҷмўи 4 Маҷмўи 5