Тамос

Телефони алоқаи таъҷилӣ: 3040

Рамзи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар тарафи рӯи Рамз - дар тарҳи он навиштаҷоти «ВАЗОРАТИ АДЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» ҷойгир карда шудааст. Дар маркази қисми болоии Рамз унсури парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - тоҷи тақлидшуда бо нимдоира аз 7 (ҳафт) ситораи панҷгӯшадор дар болои он, ҷойгир карда шудаанд. Дар маркази Рамз сутуни тиллоӣ бо китоби кушодашуда дар болои он, ки қонун, адолат ва фаъолияти меъёрэҷодкуниро таҷассум менамояд, ҷойгир карда шудаанд. Дар зери китоби кушодашуда, навиштаҷоти «ҚОНУН» -, ҷойгир карда шудааст. Тамоми қисми болоии сутун ва китоби кушодашуда ба доира дохил мешаванд, ки дар қисми болоӣ бо тоҷи тиллоӣ ба итмом расида, аз пояи сутун, аз тарафи рост ва тарафи чап бо хӯшаҳои гандум, ки бо тасмаи Рамздиҳандаи рангҳои парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон печдарпеч карда шудаанд, ҳошиякашӣ карда шудааст.

Пайвастагии ин аломатҳо ва рамзҳо соҳибихтиёрии давлатии кишвар, волоияти қонун, пайравӣ ба принсипҳои мақбули умуми ҷомеаи ҷаҳонӣ ва вазифаҳои аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрошавандаро ифода менамояд.

Шарҳи рангии Рамз: тарҳи беруна ва навиштаҷотҳои ҳуруфии тиллоранг дар манзари сафед. Давраи осмонранг (кабудранг) бо хатҳои тақлидшудаи лектории сафед, ки дар қисми поёнии давра ба таври диаметрӣ - мутаносиб ҷойгир карда шудаанд. Навиштаҷоти «ҚОНУН» ва варақҳои китоб бо ранги сафед ва ҷилди китоб тиллоранг тасвир ёфтаанд. Сутун бо ранги тиллоранг ва хатҳои сафеди ба таври мувозӣ дар он ҷойгиршуда, кашида шудааст.